Кӯмак ба хонаи кӯдакони шаҳри Душанбе

Октябрь 5, 2011 17:26

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).-Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА ба хонаи кӯдакони №-1 шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 2270 доллари ИМА асбоби рӯзгор кӯмак намуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар», аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, фармондеҳии марказии ИМА дар ҷараёни амалӣ намудани барномаи башардӯстона ба хонаи кӯдакон яхдон, манқалҳои барқии дудбаро, 3 телевизор ва 4 чангкашак кӯмак намудааст.
Барномаҳои башардӯстонаи фармондеҳии марказии ИМА барои аҳолии ниёзманд пешбинӣ шудаанд. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико дар шакли барнома ва кӯмаки башардӯстона барои дастгирии донишкадаҳои озоди Тоҷикистон, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисод зиёда аз 984 миллион доллари ИМА кӯмак расонидааст.

Октябрь 5, 2011 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд