Кӯмаки башардӯстона баТоҷикистон дар 9 моҳ
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2011 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 36 мамлакати хориҷии дуру наздик 44 млн. 657 ҳазор доллар ё 8 ҳазору 694 тонна бор ба сифати ёрии башардӯстона ворид шудааст. Аз ҷумла, 600 тонна орд ба маблағи 284 ҳазор доллар, 329 тонна равғани растанӣ ба маблағи 665 ҳазор доллар, ба маблағи 26 млн. 664 ҳазор доллар доруворӣ ва ба маблағи 1 млн. 773 ҳазор доллар либос ва пойафзол ба сифати ёрии башардӯстона ворид гардидааст. Дар баробари дигар кӯмакҳо маҳсулоти озуқа, кӯрпаю болишт, дастгоҳҳои тиббӣ, асбобҳои маишии электронӣ ва таҷҳизоти компютерӣ ворид шудаанд.Воридоти кӯмакҳои башардӯстона асосан аз Русия 30,8 фоиз, Ҷумҳурии Мардумии Ҷин – 12,8, Қазоқистон – 12, Украина – 5,8 ва ҶИ Эрон 5,3 фоизро ташкил медиҳад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






