Картошка фаровон мешавад

Октябрь 24, 2011 17:13

Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 16 ҳазору 28 гектар картошка  кишт шуд. Нақшаи истеҳсоли картошка имсол 351 435 тоннаро ташкил медиҳад. То  имрӯз ҳосили 11 778 гектар ҷамъоварӣ  шудааст ва 234 389 тонна картошка ба даст оварда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 73 349 тонна зиёд аст. Ҳосилнокӣ  аз ҳар  гектар ба 199 сентнерӣ расид. Кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони 3163 гектар  картошка кишт намуданд, ки то ин дам ҳосили  2 866 гектари он ҷамъоварӣ шудааст. Дар вилояти Суғд дар майдони  6 180 гектар  картошка коштанд, ки то имрўз ҳосили 3600 гектарро ҷамъоварӣ намуданд. 

Октябрь 24, 2011 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш