Кашфи героин аз дохили бағоҷ
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Пахтаобод»-и Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Турсунзода ҳангоми азназаргузаронии қатораи рақами 319, самти Душанбе-Маскав бағоҷи дастии сафариро, ки шаҳрванд Убайдов Қудратулло соли таваллудаш 1971 ба қатора ворид намуд, бинобар пайдо шудани шубҳа мавриди санҷиши амиқ қарор доданд.Тафтишот нишон дод, ки дар қисми дохилии бағоҷи мазкур маводи тасмашакли рангаш сиёҳи ғайриоддӣ васл гардида, он бӯи махсуси ғализи ба героин монандро доро мебошад.Ташхиси лабораторӣ нишон дод, ки маводи гирифташуда навъи героин буда, вазни умумиаш 2 килограмму 15 граммро ташкил дод. Нисбат ба шаҳрванд Қ. Убайдов парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






