Комроншоҳ — чемпиони ҷаҳон

Октябрь 28, 2011 16:21

Суғд, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Донишҷӯйи соли дуввуми факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Комроншоҳи Устопириён  дар ҷумҳурии Латвия чемпиони ҷаҳон оид ба самбо ва соҳиби медали тиллоӣ гардид. 27 октябр ректори ДДХ,  профессор Ваҳҳоб Набиев ба донишҷӯйи ДДХ, чемпиони ҷаҳон Комроншоҳи Устопириён тӯҳфаи хотиравӣ ва ифтихорнома супорид. Варзишгари тоҷик Комроншоҳи Устопириён  чемпиони  даҳкаратаи Осиёи Миёна буда, ду карат чемпиони Осиё ва ду карат чемпиони ҷаҳон шудааст. Мавсуф зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, соли 1993 таваллуд ёфтааст. Устоди аввалинаш падараш буд ва алъон мураббии ӯ бародараш-чемпиони бисёркаратаи ҷаҳон Фаридуншоҳ Устопиров мебошад. Ба қавли  падараш,  Комроншоҳи Устопириён аз синни сесолагӣ ба варзиши самбо, дзюдо ва гӯштини миллӣ машғул будааст.

Октябрь 28, 2011 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад