Комёбиҳои Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бори аввал аз тарафи Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ тадқиқот оид ба офаридани говҳои ҷинси сершир, такмили хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии гӯсфандони маҳинпашм, омӯзиши истифодабарии самараноки чарогоҳҳо ва такмили хӯрокдиҳии говҳои сермаҳсул оғоз ёфт,- иттилоъ дод котиби Академияи илмҳои кишоварзӣ Аҳмадҷон Комилзода ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, дар гурӯҳҳои селексионии сохти тоҷикии говҳои зоти сиёҳало бо истифода аз нутфаи буққаҳои зоти голштинӣ насли дурагаи сермаҳсули зоти голштинӣ ба даст омад.Дар самти офаридани говҳои шветсузебумонанд дар гурӯҳҳои селексионӣ ба 861 сар модаговҳои сермаҳсули хушзоти хоҷагиҳои саҳҳомии «Баракат»-и ноҳияҳои Ҳисор ва Ёвон аз нутфаи буққаҳои зоти шветсии селексияи амрикоӣ истифода шуд, ки дар натиҷа маҳсулнокии модаговҳои гурӯҳи селексионӣ дар як дӯшидан 14 – 15 литр ширро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






