Конфронс оид ба масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи об
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Пагоҳ, 19 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе конфронси омодагӣ «Ба пешвози конфронси СММ оид ба рушди устувор (РИО+20): масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи об» ба кори худ оғоз мебахшад.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, дар конфронс иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, Ҳамоҳангсози доимӣ, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ Александр Зуев, котиби “СММ-Масъалаҳои марбут ба об” Кенза Робинсон, роҳбари Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, Сафир Ивар Викки, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дигар сохторҳои байналмилалӣ дар назар аст. Тибқи барнома иштирокчиёни Конфронс аз минтақаи зебоманзари кишвар- ноҳияи Варзоб дидан менамоянд. Конфронс ду рӯз идома меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






