Коррупсия — вабои мудҳиш

Октябрь 13, 2011 14:35

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 12-уми октябр дар  Иттифоқи  ҷумҳуриявии  ҷамъиятҳои  матлуботи Тоҷикистон  бо иштироки  кормандони дастгоҳи идоравӣ,  роҳбарон ва сармуҳосибони ташкилоту   хоҷагиҳои зертобеи Иттифоқи Тоҷикматлубот   ҷамъомад дар мавзӯи «Пешгирӣ ва  мубориза бо омилҳои    мусоидаткунанда  ба коррупсия» доир гардид. Ҷамъомад ҳамкории  судманди  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  хусусан Агентии  назорати давлатии  молиявӣ ва  мубориза  бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистонро бо ташкилотҳои гуногуни давлатӣ бори дигар нишон дод. Намояндагони Агентии мазкур зимни суханронии худ аз Паёми  Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ёдовар шуда, зикр намуданд, ки   ба ин соҳа  диққати ҷиддӣ додани роҳбари давлат  бе сабаб нест. Зеро  мубориза бар зидди коррупсия  ва ҷиноятҳои  хусусияти коррупсионидошта  аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати  Ҳукумати мамлакат мебошад.  Роҳбарияти Тоҷикматлубот низ коррупсияро  чун вабои  мудҳиш  маънидод  намуда, дар ин замина  ҳамбастагии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо  мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба манфиати кор хонд.

Октябрь 13, 2011 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад