М.Қ.Фаҳимхон: «Афғонистон ва Тоҷикистон ду кишвари бародар»
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-26 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали раисҷумҳури Ҷумҳурии Афғонистон, маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхонро ба ҳузур пазируфт. Пас аз мулоқот Муҳаммад Қасим Фаҳимхон андешаҳояшро ба хабарнигорон чунин баён намуд:«Мо бо як ҳайат имрӯз бо даъвати раисҷумҳури Тоҷикистон ба Душанбе омадем. Бо ҷаноби раиси ҷумҳур сӯҳбатҳо ва мулоқоти бисёр муфид доштем. Аз ҷумла, дар қисмати ҳамкориҳои фарҳангӣ, ҳамкориҳои техникӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ сӯҳбатҳо кардем, ки натоиҷи бисёр мусбат дошт. Дар натиҷаи сафар мо хати барқи 220 киловатаеро, ки аз Сангтӯда ба Афғонистон омода шуда интиқол мешавад, фардо, иншолоҳ онро ифтитоҳ хоҳем кард ва ҳамчунин як пул ифтитоҳ мешавад ва ба ҳамин тартиб дар ҳар арса ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ равнақ хоҳанд гирифт ва бар ҳама кор дар Точикистон замина ва робита вуҷуд дорад». Ҳамчунин Муҳаммад Қасим Фаҳимхон қайд намуд, ки «дар қисмати ифтитоҳи хати барқие, ки аз Тоҷикистон ба тарафи Афғонистон 300 меговатт барқ интиқол хоҳад дод, кор такмил кардааст ва фардо бо садри аъзами кишвари бародари Тоҷикистон иншооллоҳ, он ифтитоҳ хоҳад шуд. Афғонистон омодагӣ дорад, ки ба андозаи тавони судури барқи кишвари бародари Тоҷикистон барқ хоҳад гирифт». «Шумо медонед, ки Афғонистон ва Тоҷикистон ду кишвари ҳамзабон, ҳамсарҳад, ҳамдину ҳамфарҳанг ҳастанд ва дар як хатти минтақа қарор доранд. Эҷоди пулҳо, эҷоди роҳи оҳан, табодули тиҷоратӣ- инҳо ҳам ба мардуми Афғонистон ва ҳам барои мардуми Тоҷикистон муфид хоҳанд буд. Осиёи Миёнаро Афғонистон бо Осиёи Ҷанубӣ васл мекунад ва ин васл қатъиян аз лиҳози тиҷоратӣ фоидаи зиёд дорад»- тазаккур дод, ӯ. Ҷаноби Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бадтарин рӯзҳое, ки Афғонистон мавриди фишор қарор гирифта буд, дар замони муқовимати мардуми Афғонистон бо роҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуди шаҳид қавиан ҳимоят карданд, гуфт дар охир Муҳаммад Қасим Фаҳимхон.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






