М. Неъматов ба ғолибон мукофот дод
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –15 – 16 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқоти кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ – кёкушинкай миёни калонсолон ва ҷавонон баргузор гардид. Чорабиниро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ҳусни оғоз бахшид.Дар чорабинӣ зиёда аз 160 варзишгар аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва кишвари Қирғизистон ширкат варзиданд.Аз рӯи ҳисоби даставӣ варзшгарони дастаҳои Душанбе — 1, Душанбе – 2 ва Хатлон ғолиб омада, соҳиби ҷоиза гардиданд. М. Неъматов дар анҷоми мусобиқот ғолибонро бо диплом ва медалҳои Кумита сарфароз гардонид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






