Маблағҳои ба ғоратрафта барқарор мешаванд

Октябрь 28, 2011 15:06

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар натиҷаи санҷише, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ташкилоти буҷавии минтақаи Кӯлоб гузаронид,  дар давоми дуним соли охир  азхудкунии беш аз 600 ҳазор сомонӣ ошкор гардид. Тибқи супориши муовини раиси вилоят Абдуғаффор Раҳмонов, маблағи ошкоршуда то охири моҳи октябр пурра барқарор ва ба буҷаи вилоят гузаронида мешавад. Агентӣ сабаби  ғорат кардани маблағҳои буҷавиро дар  мусолиҳакории ревизорони Вазорати молия бо ташкилоти буҷавии минтақаи Кӯлоб медонад. Бо таклифи А.Раҳмонов дар вилоят кушодани  курсҳои бозомӯзии муфаттишон  ва гузаронидани аттестатсия ҳатмӣ дониста шуд. Тадбирҳои андешидашуда барои беҳбудии кор талаби замон буда ва мақсад аз онҳо  ба чунин ғалаткориҳо  роҳ надодани  аудитҳои мақомоти молия аст. Ба иллати чунин муросокорӣ сардори Раёсати молияи ноҳияи Восеъ равонаи зиндон, мудири шӯъбаи маорифи ҳамин ноҳия ва чанд нафар директори мактабҳои ноҳия аз ҷурми корсозӣ бо мақсади азхудкунии маблағҳои давлатӣ аз тарафи суд маҳкум гардиданд.

Октябрь 28, 2011 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад