Марҳамат ба пойгаи аспдавонӣ
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – 9 октябри соли 2011 дар «Наврӯзгоҳи пойтахт»-и шаҳри Душанбе бо мақсади инкишофи оммавӣ ва маъмул гардонидани аспдавонӣ байни аҳолӣ ва бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба аспдавонии пойгаи равон гузаронида мешавад.Дар ин мусобиқа варзишгарони синнашон аз 16 боло бо аспҳои 2 сола, 3 сола, 4 сола ва аз 4 сола боло дар масофаҳои 1000 метр, 1600 м ва 2000 метр бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» мутахассиси пешбари бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломат Шарипова иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






