Машқи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Қайроққум

Октябрь 5, 2011 11:57

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар»,   Пайрав Назаров). – Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон  оид ба  футбол  дар  арафаи  сабқати  интихобии мусобиқоти  ҷаҳон, ки бояд  11 октябр  бо  дастаи  мунтахаби  Ҷопон  қувваозмоӣ  намояд,   дар  шаҳри  Қайроққум  ба  машқҳои  навбатӣ  шурӯъ  намуд. Футболбозони тоҷик  то  6  октябр  дар  ин  ҷо  маҳораташонро такмил  медиҳанд. Дар  шаҳри  Қайроққум  19  нафар   бозингарони  5  клуби  иштироккунандаи  мусобиқоти  Тоҷикистон  бо  роҳбарии  иҷрокунандаи  вазифаи  сармураббии   дастаи  мунтахаби  мамлакат  Олимҷон  Рафиқов  машқ  мекунанд.

Октябрь 5, 2011 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш