Машварат дар Душанбе
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). – Бо мақсади рушди муносиботи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон 4 – 5 октябр дар шаҳри Душанбе машварат аз рӯи масъалаҳои ҳамкории молиявию техникӣ баргузор гардид. Роҳбарии ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Олмонро роҳбари шӯъбаи Осиёи Шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати федералии ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ Марион Урбан ба ӯҳда дошт.Тавре дар Вазорати рушди иқтисоди мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин машварат ба манзури баррасии муштараки ҳамкории ҷорӣ ва омодагӣ ба гуфтушуниди байниҳукуматӣ перомуни ҳамкорӣ барои давраи дусола – солҳои 2012 – 2013 сурат гирифт. Ҳар ду ҷониб якдилона изҳори ақида намуданд, ки самти асосии ҳамкориашон бояд минбаъд ҳам бахши «Рушди устувори иқтисодиёт» қарор гирад. Дар ҷараёни машварат ҳамчунин масоили марбут ба лоиҳаҳое мавриди муҳокима қарор гирифтанд, ки аз ҷониби ҳукумати Олмон маблағгузорӣ мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






