Машварати даҳуми вазирони давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе

Октябрь 26, 2011 17:34

Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе машварати даҳуми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки масъули фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷорати хориҷӣ мебошанд, баргузор гардид. Дар машварат, ки таҳти раёсати Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Фаррух Ҳамралиев баргузор гардид, ноиби вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Қазоқистон Темур Сулаймонов, муовини вазири тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой Тсзян Яопин, муовини вазири танзими иқтисодии Ҷумҳурии Қирғизистон О. Панкратов, директори Департаменти ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамгироӣ бо кишварҳои ИДМ-и Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия Андрей Точин ва раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид иштирок доштанд. Дар машварати вазирон, ки дар фазои ҳамкорӣ ва дӯстона доир гардид, як қатор масъалаҳои рушд ва таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ дар доираи СҲШ баррасӣ гардида, барои муваффақ гардидан ба натиҷаҳои мутақобилаи судманд дар соҳаи иқтисодӣ иқдом карда шуд. Дар машварат қайд гардид, ки айни замон шартномаҳо дар бахши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки дар ҷараёни ҷаласаҳои шӯрои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расидаанд, фаъолона татбиқ мешаванд. Бо мақсади рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки тадриҷан корҳои амалиро ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои «Барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай» амалӣ намоянд ва дар ин самт ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои мушаххаси ҳамкорӣ афзалияти бештар дода шавад.

Октябрь 26, 2011 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш