Машварати корӣ дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар ҷараёни машварати корӣ, ки 14 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, натиҷаи фаъолияти соли аввали лоиҳаи панҷсолаи минтақавии «Тандурустии солим», ки онро Агентии ҳамкории байналмилалии Амрико маблағгузорӣ менамояд, эълон карда мешавад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.Дар кори машварат директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сил Ӯктам Бобохоҷаев, менеҷери оид ба тандурустии ҷамъиятии Агентии оид ба ҳамкории байналмилалии Амрико Дилором Қосимова, ҳамчунин намояндагони лоиҳа, тибби оилавӣ ва мададгорони байналмилалие, ки аз рӯи барномаи бемории сил фаъолият доранд, иштирок мекунанд.Қобили зикр аст, ки Барномаи Агентии оид ба ҳамкории байналмилалии Амрико якҷоя бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи чораҳоро мебинад, ки дар Тоҷикистон меъёрҳои байналмилалии муборизаи зидди бемории сил амалӣ гардида, тибби воқеӣ барои коҳиш додани ҳодисаҳои дучори бемории сил гардидани мардум истифода шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






