Меҳргон — таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ

Октябрь 8, 2011 11:32

Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Ҷашни 80-солагии таъсиси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо ҷашни бузурги суннатии кишоварзии аҷдодӣ- Иди Меҳргон рост омад. Президенти кишвар дар ҷашни ҳаштодсолагии таъсиси яке аз аввалин муассисаҳои таълимоти олии мамлакат- Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда гуфт, ки “Дар ин айёми пурсахо ва файзбор баробар омадани ҷашни Меҳргон ва 80-солагии таъсиси Донишгоҳи аграрӣ бисёр фоли нек аст. Зеро фаъолияти пурмаҳсули хатмкардагони Донишгоҳи аграрӣ дар рушди соҳаи кишоварзии мамлакат хеле назаррас мебошад. Як нуктаро зикр кардан кофист, ки дар таърихи мавҷудияти худ Донишгоҳи аграрӣ қариб 40 ҳазор нафар мутахассисонро тарбия намуда, барои фаъолият ба соҳаҳои гуногуни комплекси агросаноатии мамлакат ва хориҷ аз он сафарбар намудааст. Дар айни замон дастпарварони донишгоҳ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ва мақомоти роҳбарикунандаи тамоми гӯшаю канори кишварамон бомуваффақият кору фаъолият доранд. Дар байни онҳо мутахассисони варзида, ки дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми беназири худро гузоштаанд, хеле зиёданд”. Ҷашни Меҳргон сеюмин иди умумимиллии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, онро кишоварзон бо ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парваридаи хеш таҷлил менамуданд. Сарфи назар аз гирудорҳои сиёсию фарҳангӣ ҷашни Меҳргон то имрӯз соҳиби эътибору манзалати хос мебошад. Зеро Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса инъикос менамояд. Меҳргон аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро, яъне Худои равшанӣ, аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил мешуд. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешаванд ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз то ҳадди имкон ҷомаву пироҳани арғувонӣ мепӯшиданд ва ба ҳамдигар бо беҳтарин таманниёт «набиштаи шодмонӣ», яъне табрикномаҳо ҳадя мекарданд. Маъмулан ин шодбошҳоро атрогину хушбӯй месохтанд ва дар лифофаҳои зебо мегузоштанд. Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд ва дар байни хон гули «ҳамеша шукуфта» мениҳоданд ва дар гирди он гулҳои дигарро оро медоданд, ки меҳрпарастӣ, меҳрварзӣ ва муҳаббату дӯстиро ифода месозад. Дар рӯи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва чизҳои дорои бӯйи хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳанд. Пас аз ҷамъ кардани дастархон дар ҷашнгоҳ оташ меафрӯхтанд ва ромишгарон дастгоҳи сози худро ҷӯр мекарданд ва мардум гурӯҳ-гурӯҳ арғушт мерафтанд. Дар охир нӯшбод мегуфтанд ва кинаву кудуратро аз қалбҳо бадар сохта, бо ҳам аҳду паймон мебастанд, бо дӯстиву рафоқат ва меҳрубониву муҳаббат зиндагии худро идома медоданд. Ҳамчунин Президенти кишвар таъкид намуд, ки “ ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад”.

Октябрь 8, 2011 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон менамояд
Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор гардид