Миқдори калони меваҷоти киви нобуд карда шуд

Октябрь 5, 2011 17:05

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ “Ховар”, Лутфия Эшонқулова).-  Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» чанде пеш дар раванди ҳамкориҳои Агентии Тоҷикстандарт бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти гумрук 21500 кг меваи киви, ки аз ҷониби ҶДММ “Ахтарон” ба  дидбонгоҳи гумрукии терминали шаҳри Душанбе ворид гашта буд, ошкор гардид. Ин меваҷот бо сабаби интиқоли нодуруст вайрон шуда, истеъмоли он барои саломатӣ хатарнок буд.Тавре ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, пас аз ташхис дар озмоишгоҳи ташхисии маҳсулоти хўроквории Агентии Тоҷикстандарт муайян гардид, ки меваҷоти мазкур аз рўи нишондиҳандаҳои органолептикӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгўй нест.Мутобиқи ин нишондод 30 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки комиссияи салоҳиятнок аз мақомоти гуногун ва дигар ташкилотҳои дахлдор ин миқдор мева нобуд карда шуд.

Октябрь 5, 2011 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад