Муқовимат бо коррупсия ва терроризм

Октябрь 18, 2011 14:17

Душанбе, 18  октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 20 октябр дар қасри Таврияи Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи Комиссияи муттаҳида оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар бахши мубориза бо ифротгароӣ, ҷинояткорӣ ва тиҷорати маводи мухаддир  дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.Дар ҷаласа намояндагони Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, аъзои Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, олимону донишмандони донишгоҳҳои Санкт-Петербург, Академияи илмҳои Русия, намояндагони Хадамоти амнияти федеролии Русия,  Вазорати корҳои дохилии Русия, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, Маркази илмию таҳқиқотии Хадамоти Федеролии амнияти Федератсияи Русия ва намояндагони Маркази рушди тиҷоратию иқтисодии ИДМ  ширкат менамоянд.Иштирокдорони ҷаласа, лоиҳаи тавсиявӣ доир ба такмил ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои ИДМ дар бахши таъмини амнияти иттилоотӣ, ҷараёни лоиҳаи тавсиявӣ дар мавриди танзими ҳуқуқи истифодаи шабакаҳои кушодаи телекоммуникатсионӣ ҷиҳати  огоҳонидан ва истифодаи он дар мубориза бар зидди амалиётҳои террористӣ,  ҷараёни корҳо дар шарҳи лоиҳаи қонунгузории моделии зиддитеррористии ИДМ –ро баррасӣ менамоянд.Интизор меравад, ки иштирокдорони ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои  моделӣ оид ба идораҳои марзбон, қонунгузории зиддитеррористии ИДМ, тавсияҳо доир  ба такмили  қонунгузории давлатҳои ИДМ дар мубориза ба зидди ифротгароӣ, одамрабоӣ ва муқовимат бо коррупсияро баррасӣ менамоянд.Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба 20-солагии ИДМ  низ матраҳ мегарданд.

Октябрь 18, 2011 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!