Муҳокимаи масъалаи фаъолият ва таълими забони русӣ
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Иштирокдорони Конфронси илмию амалии байналмилалӣ бахшида ба 20 – солагии ИДМ ва 20 – умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон таҳти унвони «Проблемаҳои фаъолият ва таълими забони русӣ дар Осиёи Марказӣ», ки 19 – 20 октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад, масъалаҳои забон ва фарҳанги русӣ дар муколамаи байнифарҳангӣ, омӯзиши забони русӣ дар донишкадаҳои олии ИДМ ва кишварҳои хориҷи дур ва масоили дигари мубрами соҳаи маорифро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстии «Русия – Тоҷикистон» ва Маркази илму маорифи Русия ташкилкунандагони ин чорабинӣ маҳсуб мешаванд.Дар чаҳорчӯбаи конфронс намоишгоҳи адабиёти таълимию методӣ доир гардида, маҷлиси гурӯҳҳои махсус ва мизҳои мудаввар ташкил намуда, дар яке аз онҳо китобҳои нави таълимӣ барои мактабҳои забони русии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда мешаванд. Ҳамчунин вохӯрӣ бо тарҷумони Маълумотнома барои муҳоҷирони меҳнатӣ таҳти унвони «Петербург – шаҳри меҳмоннавоз» Имомиддин Раҳимӣ баргузор мегардад. Суханронии намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Конфронси илмию амалии байналмилалӣ низ дар назар аст. Ин чорабинӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Маркази илму фарҳанги Русия сурат мегирад.Дар ин бора дар Кумитаи тадорукотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






