Муҳокимаи масоили ҳамкории миёни Тоҷикистон ва СММ
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 5 октябр зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Ҳамоҳангсози доимӣ ва Намояндаи минтақавии Комиссари олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ Собир Аъзам масъалаҳои ҳуқуқии шахсони бетабаият дар Тоҷикистон ва дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, имконияти пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муоҳидаи СММ дар бораи мақоми шахсони бетабаият мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Тавре дар ВКХ ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории байни Тоҷикистон ва СММ ва муассисаҳои ихтисосии он аз рӯи масъалаҳои гурезаҳо баррасӣ шуданд.Мувофиқи суханони манбаъ, худи ҳамон рӯз Ҳамрохон Зарифӣ Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт. Роҳбари идораи сиёсати хориҷии ҶТ дар ҷараёни мулоқот ба А.Зуев аз натиҷаи сафараш ба шаҳри Ню – Йорк ҷиҳати иштирок дар музокироти умумии иҷлосияи 66 – умии Ассамблеяи Генералии СММ иттилоъ дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи тайёрӣ ба иштироки Тоҷикистон дар Конфронси СММ оид ба рушди устуворро низ мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону СММ ва муассисаҳои ихтисосии он муҳокима шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






