Муаррифии молҳои Мозандарон дар «Борбад»
Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 50 ширкати эронӣ дар намоишгоҳи байналмилалии ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 19 октябр дар муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе оғоз гардид, ширкат доранд.Намоишгоҳи мазкур дар доираи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон созмон дода шуда, ҳадафаш густариши тавсеаи ҳамкориҳои судманд, рушди доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикони ҳамкор мебошад.Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ, ки намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои марбутаи кишвар, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Эрон ширкат доштанд, баргузории намоишгоҳи байналмилалии ихтисосии кишоварзиро қадами устувор дар тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ арзёбӣ карданд.Дар намоишгоҳ, ки ба бахши кишоварзӣ махсус гардонида шудааст, молу ашёи ширкатҳои устони Мозандарони ҶИЭ, хусусан маҳсулоти саноати кишоварзӣ, хӯрокворӣ ва чорводорию паррандапарварӣ, аз қабили маҳсулоте, ки аз гӯшту шири чорво ва парранда тайёр мегардад ва ҳамчунин молҳои саноатӣ- қолинҳои дастбоф, зарфҳои гуногуни рӯзгор ба маърази тамошо гузошта шудаанд.Интизор меравад, ки дар доираи баргузории намоишгоҳи байналмилалии ихтисосӣ доираҳои соҳибкорони устони Мозандарон бо намояндагону масъулини вазорати кишоварзӣ, вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ вохӯрию мулоқот баргузор намуда, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, чорвою парранда ва технологияи марбут ба ин соҳа қарордоди ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.Намоишгоҳ то 21 октябр идома меёбад ва молу ашё танҳо ба намоиш гузошта мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






