Мубориза бар зидди терроризм муҳокима шуд
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Филиппин Алберт дел Розарио дар Кувайт мулоқот анҷом дод.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Мусоҳибон ҳамчунин ҳамкории кишварҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор доданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






