«Мухтор – С» коркарди пахтаро ба 60 фоиз расонид

Октябрь 4, 2011 09:55

Кӯлоб, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», С.Холов). –  Масъулини  Ҷамъияти Дорои  Масъулияти  Маҳдуди  «Мухтор – С» — и  ноҳияи Фархор  вуруди  ашёи  хомро  ба корхона  ба  3 400 тонна  расонида,  то  ин  муддат 1 600 тоннаи  онро  коркард карда,  ба  хоҷагиҳо баргардониданд,  — гуфт  ҷонишини   роҳбари  корхонаи  мазкур  Муҳаммадӣ  Ҳамидов.  Ба гуфтаи  манбаъ,  корхона  бо  530 хоҷагии  деҳқонии  ноҳияи Фархор ва 180  хоҷагии  деҳқонии  ноҳияи  Ҳамадонӣ   шартнома  дорад.  Дар  корхона  навъҳои пахтаи  «Флора», «Ирам», «Сорбон» коркард   мешаванд. Мавриди   зикр  аст, ки  корхона  дар  ду баст  фаъолият  карда, 120  нафар   коргарон ба  коркарди  пахта  сафарбар  гардида,  бо  шароити  лозимӣ  таъмин  мебошанд. Вуруди  пахта  ба корхона нисбат  ба  ҳамин   давраи  соли  гузашта  бештар   гардидааст,  чунки  аз  тарафи  ҷамъият   ба  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  барои  ҳар  тонна  ашёи  хом    850  доллари  амрикоӣ  пардохт  мегардад,  — афзуд  Муҳаммадӣ  Ҳамидов.

Октябрь 4, 2011 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад