Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Сафири Покистон Дар Тоҷикистон
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Чанде қабл раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Дар Тоҷикистон Амҷад Ҳусайн Б. Сиал, ки дар вилояти Суғд сафари корӣ дошт, мулоқот намуд. Дар мулоқот аз таҳкими муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сухан рафт. Қоҳир Расулзода ба ҷаноби Сафир оид ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят, бахусус соҳаи иқтисодиёт маълумот дода, зикр дошт, ки ин сафар ба густариши равобити минтақавӣ мусоидат хоҳад намуд. Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии исломии Покистон Амҷад Ҳусайн Б. Сиал ба раиси вилоят аз таассуроти хеш дар бораи Тоҷикистон, бахусус дар амри рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ва бобати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани равобити ҳасана ва судманди ду кишвар изҳори андеша намуд. Сафир намояндагони Палатаи савдо ва саноати вилоятро ҷиҳати ширкат дар намоиши байналхалқии иқтисодии «ЭКСПО-Покистон-2001», ки 20-23 октябри соли равон баргузор мегардад, таклиф намуд.Тибқи тафоҳуми тарафҳо дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ояндаи наздик дар шаҳри Хуҷанд намоиш ва фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии исломии Покистон баргузор хоҳад гашт. Зикр бояд намуд, ки алҳол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамкории хуб ба роҳ монда шуда, дар назар аст, ки якчанд лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ, аз ҷумла лоиҳаи ифтитоҳи роҳи мошингарди Тоҷикистон (Ишкошим)-Афғонистон-Покистон амалӣ хоҳад гардид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» итилоъ доданд, ки Амҷад Ҳусайн Б. Сиал зимни сафари кориаш аз ҷойҳои таърихӣ ва дилписанди вилоят, аз ҷумла аз осорхонаи вилоятии таърихӣ – кишваршиносӣ боздид намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






