Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ дар Кувайт

Октябрь 12, 2011 09:54

Душанбе, 12  октябр. (АМИТ «Ховар»,   Пайрав  Назаров). – Вазири  корҳори  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ дар  ҷараёни  иҷлосияи  даҳуми Шӯрои  вазирони  корҳои  хориҷии Муколамаи  осиёии  ҳамкорӣ дар  пойтахти Давлати  Кувайт  шаҳри  Кувайт  бо  вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Исломии  Эрон  Алиакбар  Солеҳӣ ва  муовини  вазири  корҳои  хориҷии  Шоҳигарии  Таиланд  Ҷюллапонг Нонсрича як  қатор  мулоқоти  дуҷониба  анҷом  дод. Зимни  мулоқоти Ҳамрохон  Зарифӣ  бо  Алиакбар  Солеҳӣ  ҷонибҳо  сатҳи  имрӯзаи  ҳамкории  миёни  ду  кишвари  дӯстро  бо  камоли  қаноатмандӣ   иброз  доштанд.Вазирон ба  масоили  рушди   ҳамкории  дуҷониба  дар  бахши  энергетика  ва  нақлиёт,  ҳамчунин  дурнамои  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  савдо ва иқтисодиёт бо  истифода  аз  имконоти  ҳар  ду  кишвар дахл  намуданд.Дар  Кувайт  масоили  муносиботи  дуҷонибаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Шоҳигарии  Таиланд  низ  мавриди  муҳокима  қарор  гирифт.Роҳбари  идораи  сиёсати  хориҷии  Тоҷикистон   дар  ҷараёни  сӯҳбат  зикр   намуд, ки  кишвараш  ба соли 2012 дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  доир  намудани  иҷлосияи  навбатии  Муколамаи  осиёии  ҳамкорӣ  омода  аст. Ӯ ҳамзамон  изҳори   умедворӣ  намуд, ки  ҷониби  Таиланд  ба  ҳайси  ҳамоҳангсози  Муколамаи  осиёии  ҳамкорӣ  дар  масъалаи   зикршуда  ҳамкорӣ хоҳад  намуд.Ҷонибҳо  дар  чаҳорчӯбаи  ин  масъалаҳои  тарҳрезӣ ва   дар  Тоҷикистон  доир  намудани  иҷлосияи  навбатии Муколамаи  осиёии  ҳамкорӣ  ва  таҳияи Муоҳадаи  муколамаи  навбатиро  баррасӣ  намуданд.Зимни  мулоқот  тарафҳо  ҳамчунин  перомуни  вазъи  ҳозираи  муносибатҳои  мутақобилан  муфиди  ҳар  ду  кишвари  дӯст  ва  масъалаҳои  ҳамкории  дуҷониба  дар  чаҳорчӯбаи  созмони  байналмилалӣ  изҳори  ақида  намуданд. Дар  ин  бора ба  АМИТ «Ховар»  дар  Раёсати  иттилоот, матбуот,  таҳлил  ва  тарҳрезии  сиёсати  хориҷии  Вазорати  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ  доданд.

Октябрь 12, 2011 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад