Мулоқоти Э.Раҳмон бо Р.Абдулатипов

Октябрь 6, 2011 17:30

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Дилшодаи  Хайруллоҳ). – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  раиси Донишгоҳи  давлатии  фарҳанг ва  санъати  шаҳри  Маскав  Рамазон  Абдулатиповро  ба  ҳузур  пазируфт.  Дар  ҷараёни  мулоқот  масоили  муҳими  муносибатҳои байнидавлатӣ  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд. Р.Абдулатипов баъди анҷоми мулоқот зимни  суханрониаш  дар  ҳузури  журналистон, аз  ҷумла, чунин  гуфт: «Мо  ба  шарофати  мавқеи  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон ва  муносибати  неки  ӯ бисёр  масъалаҳоро  муҳокима   намудем. Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳам барои  ман ва  ҳам барои  Русия  шахси  басо наздик  аст,  бинобар  ин  бисёр  проблемаҳои  рушди  Русияи  имрӯза  диққати  ӯро  ба  худ ҷалб  мекунанд, ӯ ба  бисёр  масоили муносибатҳои  байнидавлатӣ  ва муносибатҳои байни халқҳоямон  таваҷҷӯҳ  зоҳир  менамояд. Президент аслан  дар  вақташ изҳори  хоҳиш  намуда ва  ташаббус  нишон  дода буд, ки  мо  симпозиуми  байналмилалии  фарҳангу  санъат  дар  фазои   маърифатии  ҷаҳонро  дар  ҳамин  ҷо  гузаронем. Мо  ин  симпозиумро  якҷоя  бо  Вазорати  фарҳанг  ва Вазорати  маорифи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мегузаронем. Моро  дар  сатҳи  баланд  пазироӣ  мекунанд  ва  мо  бисёр  масъалаҳо,  аз  ҷумла масъалаҳоеро  муҳокима менамоем, ки  барои  Президент ҷолиб  буданд. Президент ба  тарбияи маънавию  ахлоқии   насли  наврас  таваҷҷӯҳи  зиёде  медиҳад. Масалан,  шумо  медонед, ки Қонун «Дар  бораи  масъулияти   падару  модар» қабул  шуда буд.  Ба  фикрам,  ин  Қонун  дар  маҷрои  он  масъалаҳое роҳандозӣ мешавад, ки  мо  онҳоро  дар  симпозиуми  байналмилалӣ  мавриди  муҳокима  қарор  медиҳем. Мо  аз он  хусус  мегӯем, ки  Тоҷикистону  Русия  ва  халқҳоямон   халқҳои  дорои  фарҳанги  анъанавианд ва  мо  набояд  ин  сарчашмаи  фарҳангамонро  аз  даст  бидиҳем. Мо  бояд  фарҳанги  анъанавиамонро  рушд  диҳем,  зеро  фарҳанги  анъанавӣ   заминаи  ташаккули  ҷаҳонбинии  муосир  аст. Ман  ба Президент нақл  кардам, ки  соли гузашта донишгоҳи  мо  симпозиуми   байналмилалии  «Форуми фарҳанги  Маскав» — ро  доир  намуд ва  мо  чунин  хулоса  баровардем, ки  фарҳанг  бояд  лоиҳаи   асоситарини  миллӣ  гардад. Фикр  мекунам, ки  дар  амри барқарор  намудани  фарҳанг, эҳёӣ  забони  худ ва  анъанаҳои авлодию  оилавӣ  аз  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бисёр  чизро  омӯхтан  мумкин  аст. Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бисёр мактабҳо месозад, бисёр донишкадаҳои олиро  ҷалб  менамояд,  калонтарин  китобхонаи  минтақаро  бунёд  мекунад ва аз ин рӯ,  ин  иқдомоти Президент  барои  Русия,  бешубҳа, ҷолибанд. Зиёда  аз  ин, иқдомоти Президент имконияти   нави  ҳамкории байни  мамлакатҳоямонро фароҳам  меорад. Ман ба Президент хабар  додам, ки  дар  давраи  корам  дар  донишгоҳ теъдоди  донишҷӯёни тоҷике, ки  дар  он  ҷо  таҳсил  менамоянд,  афзуд. Ман  маҷаллаеро  нишон  додам, ки  дар  донишгоҳ  нашр  шудааст. Мо  дар  донишгоҳамон  якҷоя  бо  Сафорати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  20 – солагии  соҳибихтиёрии  Тоҷикистонро  таҷлил  намудем. Варианти  якуми  китобам «Халқи  тоҷики  ман» — ро  ба Президент  пешниҳод  намудам. Президент  онро бо  камоли  миннатдорӣ  пазируфт. Ба фикрам ана  ҳамин  хел  иқдомоти  мушаххасе, ки русиягиҳои мо ва  тоҷикон  зоҳир  менамоянд, барои  таҳкими  дӯстии  халқҳо, бешубҳа, мусоидат  менамояд. Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамеша  сиёсати  ҳамкории  стратегӣ бо  Русияро  пеш  мегирифт.  Фикр  мекунам, ки  роҳбарияти  мамлакати  мо низ бо  чунин  сиёсат  ҷавоб  медиҳад. Мо  аз рӯи  бисёр  самтҳо  имкониятҳои  бузурги   истифоданашудаи   ҳамкориамонро  дорем. Мо  ба  ташаккули фазои  умумии  иқтисодию гумрукӣ таваҷҷӯҳи  зиёде  медиҳем,  вале,  пеш  аз  ҳама  бояд  дар  бораи  ҳифзи  фазои  умумии  фарҳангию  забонӣ  ва  иттилоотиамон  ҳарф  занем. Ин  асоси  рушди  халқҳоямон  мебошад,  зеро  дар  ҷамъбасти  кор  муваффақияти  ҳар  кишвар  вобаста  ба  он  хоҳад буд, ки  мамлакат  то чи андоза  ба  фарҳанг,  ба эҳёӣ одобу ахлоқ,  ба истифодаи  нерӯи маънавии  халқҳоямон  роҳнамун  шудааст».

Октябрь 6, 2011 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд