Мулоқоти Лориҷонӣ бо устодону донишҷӯёни ДМТ
Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи сафари расмии худ Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон доктор Алии Лориҷонӣ дар Душанбе бо ҳайати устодону донишҷӯёни яке аз бузургтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ — Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.Дар мулоқот, ки ҳайати парлумонии Эрон, намояндагони парлумони Тоҷикистон ва масъулини вазорати маорифи ҷумҳурӣ ширкат доштанд, доктор Алӣ Лориҷонӣ доир ба мақоми шоистаи мардуми форсизабон дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ, тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи судманди Тоҷикистону Эрон, хусусан дар мавриди тавсеаи робитаҳои илмию фарҳангӣ, густариши робитаҳои байнидонишгоҳӣ, истифодаи таҷрибаи пешрафта ва табодули устодону донишҷӯён байни донишгоҳҳои ҳар ду кишвар ифтитоҳи намояндагии донишгоҳҳои Тоҷикистон дар Эрон ва Эрон дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар бахши илмҳои дақиқ ва технологияҳои навин ибрози назар намуда, ба саволҳои устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон посух дод. Алии Лориҷонӣ сафари расмии худро ба Тоҷикистон дар бобати тавсеаи ҳамкориҳои парлумонӣ ва илмию фарҳангии байни ҳар ду кишвар самарабахш арзёбӣ намуд.Аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба меҳмони олимақом тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Алии Лориҷонӣ ҳамзамон ба китоби ДМТ соядаст гузошт.Назар ба иттилои Миралӣ Бегмуродов, ноиби ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои илмии ДМТ бо донишгоҳҳои Эрон сол аз сол тавсеа ёфта, алҳол беш аз 450 нафар шаҳрванди Эрон дар риштаҳои гуногуни донишгоҳ ба ҳайси донишҷӯ, магистрант, аспирант ва унвонҷӯ таҳсил менамоянд.Бояд зикр намуд, ки доктор Алии Лориҷонӣ, Раиси парлумони Эрон 20 октябр бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Душанбе омад ва бо роҳбарони баландпояи Тоҷикистон- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуда, масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро байни Тоҷикистону Эрон баррасӣ намуд. Дар назар аст, ки Раиси парлумони Эрон зимни сафари расмиаш аз як қатор махзанҳои фарҳангии Тоҷикистон боздид намуда, бо дастовардҳои илмию фарҳангии кишвар ошно гардида, бо эрониёни муқими Тоҷикистон боздид мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






