Мулоқоти Назрӣ бо Аюбӣ

Октябрь 18, 2011 17:23

Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон  бо муассисаи фарҳангии ЭКО дар Теҳрон зимни мулоқоти Давлат Назрӣ,  сардори раёсати иттилот, матбуот, таҳлил ва таҳррезии сиёсати хориҷии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳуҷҷатуллоҳ Аюбӣ, Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО баррасӣ гардид.Дар мулоқот ҷонибҳо тавсеаи ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистонро бо ЭКО матраҳ намуда зикр карданд, ки дар лоиҳаҳои минбаъда ҳамкории амиқтар дошта бошанд.Ҳуҷҷатуллоҳ Аюбӣ гуфт, ки муассисаи ЭКО бо таъсиси  намояндагии худ дар Душанбе чандин барномаҳоро амалӣ гардонидааст. Баргузории ҷашнвораи байналмилалии хушнависӣ, даъвати ҳунармандони тоҷик барои ширкат дар ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Теҳрон, ширкати ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳи байналмилаии устони Хуросони шимолӣ, чопи китоби «Ашъори баргузидаи Устод Рӯдакӣ» бо забонҳои форсӣ, англисӣ, русӣ ва ҳурофоти сириллики тоҷикӣ аз корҳои ба сомон расонидаи ЭКО дар Тоҷикистон аст.Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ дар ин дидор аз фаъолиятҳои муассисаи ЭКО  дар Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда,  зикр кард, ки сол ба сол сатҳи ошноии мардуми Эрон аз Тоҷикистон бештару амиқтар мегардад. Вай ба тақвияти ҳамкориҳо дар бахши синамо, филм, ҳунар ва табодули донишҷӯён миёни донишгоҳҳои ду кишвар таъкид намуда,  омодагии  Тоҷикистонро дар густариши ин ҳамкориҳо эълон намуд. Сипас, Давлат Назрӣ аз намоишгоҳи осори хаттоти машҳури эронӣ Ҷаводи Бахтиёрӣ дар галереяи дипломатии Муассисаи фарҳангии ЭКО дидан намуд.Тавре намояндаи Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар мулоқот Давлат Назриро Қосими Бекмуҳаммад, раиси дафтари хабаргузории «Форс» дар Тоҷикистон ва Худододӣ, дабири хабарии ҳамин хабаргузорӣ ҳамроҳӣ карданд.

Октябрь 18, 2011 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд