Мулоқоти Ш.Зуҳуров бо шаҳрдори Табрез

Октябрь 19, 2011 15:13

Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Густариши ҳамкориҳои мутақобилаи судманди Тоҷикистону Эрон аз масъалаҳои умдае буданд, ки имрӯз зимни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Алиризои Навин, шаҳрдори Табрез дар Душанбе баррасӣ гардиданд.Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки таърих, забон, фарҳанг ва ойини муштарак, ки миллатҳои тоҷику эрониро бо ҳам мепайванданд,  яке аз омилҳои асосии густариши муносиботи ду кишвар дар тамоми бахшҳост. Мавсуф афзуд, ки  фарҳангу тамаддуни миллати тоҷику эронӣ тӯли қарнҳои гузашта тамоми дунёро фаро гирифта буд ва ин тамаддун  имрӯз тавассути ворисони нобиғаҳои ин миллатҳо ба ҷаҳони муосир муаррифӣ мегардад.Ш. Зуҳуров табодули таҷриба дар соҳаи илму фарҳанг байни аҳли илму адаби ҳарду миллатро омили муҳими тавсеаи муносиботи Тоҷикистону Эрон арзёбӣ намуд ва изҳор дошт, ки Табрезро ватан ихтиёр кардани яке аз нобиғаҳои бузурги илму адаби тоҷик- Камоли Хуҷандӣ ва дар Кӯлоби Тоҷикистон дафн шудани шоир ва мутафаккири барҷаста  Сайид Алии Ҳамадонӣ далели ин гуфтаҳост. Шаҳрдори Табрез Алиризои Навин зикр намуд, ки дастоварду  пешрафтҳое, ки дар бахши илму техника дар ҷаҳон ба даст омадаанд, аз осори ниёгони мо маншаъ мегиранд ва моро лозим аст, ки осори гаронбаҳои миллати қадимии худро аз нав мавриди омӯзиш қарор дода, барои ноил гардидан ба комёбиҳои илмиву техникӣ саъй намоем. Дар мулоқот Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст иштирок дошт.

Октябрь 19, 2011 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд