Муносибатҳои кишоварзиро бо Афғонистон ба роҳ монем
Кӯлоб, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани масоили хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ байни истеҳсолкунандагони тоҷику афғон ва дурнамои ин соҳа, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ ва ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва замин» дар ноҳияи Ҳамадонӣ мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он роҳбарони созмонҳои байналхалқии муқими Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистону Афғонистон, олимону мутахассисони соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкат варзиданд. Зикр шуд, ки ба анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзие, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва дигар ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Давлати Исломии Афғонистон истехсол мешаванд, дар бозорҳои Афғонистон талабот хеле зиёд аст. Инчунин таҷрибаи кишоварзони тоҷик, алалхусус тухмипарварию нихолпарварӣ метавонад дар беҳтар гардидани фаъолияти деҳқонони давлати ҳамсоя ва рӯёнидани ҳосили зиёд кӯмак расонад. Ширкатдорон барои беҳтар ба роҳ мондани муносибатҳои тиҷоратӣ ташкили бозорҳои муштарак ва марказҳои тиҷоратиро дар шафати бандарҳои «Шерхон» ва «Кокул» зарур шумориданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






