Мунтахаби Тоҷикистон бо Ҷопон қувва месанчад
Душанбе, 11 октябр.( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев)-Тими мунтахаби футболи кишвар имрӯз соати 15:45 дақиқаи вақти Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми гурӯҳии бозиҳои интихобии ҷоми ҷаҳон бо дастаи Ҷопон вориди майдон мешавад. Капитани ҷопониҳо Макото Ҳасебе арз кардааст,ки: «Футболбозони Тоҷикистон аз нигоҳи тайёрии физикӣ пухтаанд, вале бозиашон аз нигоҳи техникӣ ҷурми зиёд дорад. Аз ин рӯ агар дастаи мунтахаби мо бо натиҷаи калони 5 бар 0 ғолиб ояд, мо хушнуд мешудем.» Дар навбати худ Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба тайёрии даста боварӣ дошта гуфтааст: « Мо кӯшиш мекунем муқобили чемпионҳои соли гузаштаи Осиё бозии хубу диданӣ нишон диҳем ва сарбаланд бошем» . Албатта, муқобилияти сахт кардани дастаи мо дар рӯ ба рӯ бо тими машҳури Осиё душвор аст, вале дар футбол ҳама ҳолатҳоро интизор шудан мумкин аст. Дар ин замина имрӯз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар сафар вохӯриашро бо Куриёи Шимолӣ гузаронида, бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






