Мусоҳибаи Фаррух Шарипов дар маҷаллаи “Interview”

Октябрь 20, 2011 15:33

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия дар маҷаллаи “Interview” мусоҳибаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов ба табъ расид. Дар оғози мусоҳиба  Ф. Шарипов иброз дошт, ки Туркия кишвари бузургу бостонӣ, гаҳвораи тамаддунҳо буда, дар он рангҳои аврупоӣ ва осиёӣ бо ҷилоҳои   зеботаринашон фароҳам омадаанд. Фаррух Шарипов бо ишора ба фарҳангу санъат ва тарзи ҳаёти халқҳои ду кишвар: афзуд, ки мардуми тоҷику турк адабиёт, санъат, арзишҳои волои маънавиро яксон ҳурмат карда, ҳаматарафа талош меварзанд, то ин муқаддасот ҳифз шаванд, рушд  ёбанд ва ғанӣ гарданд. Дипломати тоҷик дар идомаи посух ба саволҳо махсус изҳор намуд: “Мо ҳамеша бо арзи сипос ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Туркия  аз аввалинҳо дар ҷаҳон истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва бо кишвари мо робитаҳои пурсамари иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба роҳ монд ва ин  дар навбати худ барои давлати тоҷикон ҳаётан муҳим аст”. Сафир таъкид намуд, ки Туркия  аз шарикони асосии Тоҷикистон аз лиҳози сармоягузорӣ ва савдо мебошад, лекин бояд корҳои бештар ба анҷом расанд, то зарфияту имкониятҳои мавҷуда дар ин соҳа ба таври муассир истифода шаванд. Сафир Ф. Шарипов ҳамчунин дар тақвияти суханҳои худ дар мавриди шарокати наздики Тоҷикистону Туркия тазаккур дод, ки муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ҳарду кишвар дорои пешравӣ ва дастовардҳои назаррас мебошанд. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти кишвар, дар 5 моҳи сипаригардидаи соли 2011 гардиши бозаргонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия 280,4 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.Роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Анқара перомуни сатҳи рушди муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилаи судманд баён намуд, ки сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия дар моҳи январи соли 2006 ва сафари расмии Президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон моҳи майи 2009, инчунин боздиди сарони ду давлат дар ҳошияи ҳамоиши роҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар моҳи декабри соли 2010 ба ҳамкориҳои созандаи ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталиф такони тоза бахшиданд.Дар ин бора аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 20, 2011 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд