Мусодираи 20 кило маводи мухаддир аз шаҳрванди Қирғизистон
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) дар вилояти Суғд дар ноҳияи Исфара шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистонро бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт намуданд.Чунон, ки аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз боздоштшуда зиёда аз 20 кило маводи мухаддири навъи героин дарёфт ва мусодира гардид.Бино ба иттилои манбаъ, қиммати ин миқдор маводи мухаддир дар «бозори сиёҳ» 120 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 3 529 кило маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст, ки 437,5 килояшро маводи сахттаъсири героин ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






