Мутахассисон ба Ҳаной мераванд

Октябрь 7, 2011 15:47

Душанбе, 7 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 2 нафар кормандони Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Заводҳои протезию ортопедии шаҳри Душанбе» тӯли се ҳафта дар Ҷумҳурии Исломии Эрон малакаи худро сайқал дода, дорои гувоҳномаи махсус гардиданд. Бояд зикр кард, ки КВД «Заводҳои протезию ортопедии шаҳри Душанбе», ки тобеи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аст, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ филиалҳо дошта, эҳтиёҷмандонро бо протезҳои дасту пой, ортез, пойафзолҳои ортопедӣ, асобағалҳо ва камарбанд таъмин менамояд. Корхона дар нӯҳ моҳи соли равон нақшаи истеҳсолияшро 112 % иҷро намуда, ба 105 нафар маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 43 нафар маъюбони Артиши собиқ шӯравӣ, 3436 нафар маъюби модарзод, 190 нафар нобино, 5202 нафар маъюби касалиҳои умумӣ ва 17 нафар шахси зимни хидмат маъюбшуда хизмат расонидааст. Барои сайқал додани малакаи кории кормандони коргоҳҳои протезу ортез ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти протезию ортопедӣ бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ муддати ду моҳ дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, дар оянда се нафар аз довталабони ғолиби озмун дар Маркази ортопедии шаҳри Ҳанойи Ветнам таҳсилро идома медиҳанд.

Октябрь 7, 2011 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд