Нақлиёти автомобилӣ воситаи асосии боркашонӣ
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тайи моҳҳои январ – сентябри соли 2011 тавассути ҳамаи намуди нақлиёт 46 млн. 571,1 ҳазор тонна бор кашонида шудааст.Дар ҶТ боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ мақоми асосиро касб намудааст. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳо, инчунин бо нақлиёти автомобилии шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 39 млн. 603,7 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки он 85 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад.Сохтори боркашонӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ нишон дод, ки аз ҳама бештар дар вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ бор кашонида шудааст. Дар давоми 9 моҳи соли 2011 дар вилоятиСуғд ба миқдори 15 млн. 108,9 ҳазор тонна, дар вилояти Хатлон — 13 млн. 868,6, дар ВМКБ – 163,4, дар шаҳри Душанбе – 3 млн. 419,1 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 млн. 43,7 ҳазор тонна бор кашонида шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






