«Накҳати Кашмир»-ро «Адиб» рӯи чоп овард

Октябрь 3, 2011 16:01

Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Накҳати Кашмир»-  чунин ном дорад маҷмӯаи нахустини  ашъори шоири тоҷик Саидбег Саидӣ, ки онро нашриёти «Адиб» чоп намудаст.Дар маҷмӯа, шеъру ғазалиёти дар солҳои гуногун эҷоднамудаи адиб, ки тараннумгари меҳру муҳаббат, садоқат ба ватан,  зебоиҳои табиати сарзамин, дӯстиву рафоқат, меҳру муҳаббат ва беҳтарин фазилатҳои неки инсонияед, гирд оварда шудаанд. Шеъру ғазалиёти  шоир  аз қабили «Ватандор», «Тоҷикистон», «Вахши зарбахш», «Тоҷмаҳал», «Кашмир», «Оромгоҳи Бедил», «Мумбай», «Духтари тайландӣ», «Ҳолӣ муборак», «Озаридухтар, «Илоҳо ёбад зафар», «Як даста гул», «Орзу», «Устод», «Духтари панҷобӣ», «Хазонрез», ки дар маҷмӯа дастабандӣ, гардидаанд, аз тахайюлоти бою рангини адиб шаҳодат медиҳанд.Шоири шинохтаи тоҷик Хайрандеш, муҳаррири масъули маҷмӯаи мазкур буда, адиби маъруф Зиё Абдулло муҳаррири бахши нашриётии маҷмӯа аст.Маҷмӯа бо забони тоҷикӣ,  ҳуруфоти кириллӣ ва форсӣ бо теъдоди 1000 нусха бо сифати баланд ба табъ расидааст.Саидбег Саидӣ дастпарвари  бахши арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, солҳои 1984-1987 дар Ҷумҳурии Алҷазоир ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа намудааст.Солҳои 1993-1995 дар Академияи дипломатияи  назди Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия  таҳсилро бо баҳои аъло ба анҷом расонида, солҳои 1994-2002 дар вазифаи котиби дуввуми  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия кор карда, дар соли 1999 рисолаи номзадиашро дар бахши ҳуқуқи байналмилалӣ  дар Маскав дифоъ намуд. Ҳамзамон,  зарфи солҳои 2002-2006 ба ҳайси мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба сиёсати хориҷӣ ва мудири шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ифои вазифа намуда, баъдан Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва аз соли  2008 то имрӯз Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон аст.

Октябрь 3, 2011 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад