Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Исломии Эрон дари худро боз менамояд.Тибқи иттилои Палатаи савдо ва саноати ҶТ, намоишгоҳ бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати ҶТ, комиссияи байниидоравии Эрон — «Роҳтушайи Сармад», инчунин бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил ва баргузор мешавад.Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ ҷалби сармоягузорони эронӣ ба соҳаҳои бартари иқтисодиёти Тоҷикистон, дарёфти шарикони ҳамкор ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.Намоишгоҳ то 21 октябри соли ҷорӣ идома меёбад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






