«Насаф» ва «Арбил» дар финали ҷоми AFC.
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дирӯз дар қитъаи Осиё вохӯриҳои нимниҳоии ҷоми конфедератсияи футболи Осиё доир шуданд. «Насаф»- и Ӯзбекистон дар вохӯрии дуввуми баргашт бо дастаи «Ал-ваҳдат» дар варзишгоҳи байналмилалии шоҳ Абдуллоҳи кишвари Урдун вохӯрда, бозиро бо ҳисоби 1 бар 1 ба анҷом расонид ва ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар бозии ҷуфти дуввум клуби ҳарбии «Кувайт» низ вохӯриашро бо дастаи «Арбил»- Ироқ бо ҳисоби мусовии 3 бар 3 ҷамъбаст карда, ба бозии финалӣ роҳхат гирифт. Дар шаҳри Арбил дастаи «Кувайт» дар бозии аввал бо ҳисоби 2 бар 0 мизбононро шикаст дода буд. Дар се соли охир ин дуввумин комёбии футболбозони «Кувайт» дар мусобиқаи ҷоми AFC аст. Шоми имрӯз дар вохӯриҳои нимниҳоии ҷоми қаҳрамонҳои Осиё « Ал-Садд»- и Қатар бо «Сувон Самсунг Бловинс», «Чонбук Ҳундай Моторс» бо «Ал-Иттиҳод» -и Арабистони Саудӣ ба дидори ҳам мераванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






