Нашъамандӣ -зуҳуроти хатарноки иҷтимоӣ
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Дар доираи санҷиши нақшавии фаъолияти Шӯроҳои Ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйиистифода аз маводи нашъаовар дар мавриди пешгирии нашъамандӣ мулоқоти кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти идораи мубориза бар зидди маводи нашъаовари кишвар иттилоъ доданд, чанде пеш вохӯрии аввал бо омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи энергетикии шаҳри Роғун доир шуд. Дар ҷараёни мулоқот кормандони Агентӣ қайд карданд, ки нашъамандӣ зуҳуроти хатарноки иҷтимоӣ буда, оқибатҳои он метавонад ҳама ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро таҳти хатар гузорад.Ҳамчунин ба ширкаткунандагони вохӯрӣ дар бораи мухаддироти синтетикӣ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Маводи синтетикии тозатавлид вақтҳои охир бо роҳҳои қочоқ ба кишвар ворид мешавад ва гурӯҳҳои ҷиноӣ онҳоро дар байни аҳолӣ, бахусус, ҷавонон паҳн мекунанд.Вохӯрии дигари ба ин монанд дар мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 1 ноҳияи Варзоб баргузор шуд. Дар мулоқот масъалаҳои ба табобат ва офиятбахшии беморони гирифтори нашъамандӣ алоқаманд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






