Навгониҳо дар ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум

Октябрь 7, 2011 15:09

Рашт, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). — Ноҳияи Рашт солҳои охир бо шарофати Истиқлолият куллан тағйир ёфтаву ободу зебо гардидааст. Сатҳи зиндагии мардуми ҷамоатҳои деҳоти ноҳия беҳтар гардидааст. Ба қавли раиси ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум Маҳмадсаид Умаров, дар ҳудуди ҷамоат корҳои сохтмонию обдонӣ хуб ба роҳ монда шудаанд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳия дар деҳаҳои Қазнок, Чашмаи Қозӣ, Ғаввосиён, Фурудгоҳ ва Шул мактабҳои нав, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ, маркази савдо, маркази фурӯши масолеҳи бинокорӣ сохта ба истифода дода шуданд. Манбаъ афзуд, ки мардуми ноҳия давоми 70 соли шӯравӣ чунин ободкорию ободсозиро ёд надоштанд.

Октябрь 7, 2011 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд