Нуқтаҳои фурӯши гази моеъ зиёд мешаванд

Октябрь 20, 2011 11:32

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). – Вазорати  энергетика  ва  саноати  ҶТ  ба  манзури  иҷрои  Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  30  апрели  соли  2011 «Дар  бораи  омодагии  саривақтии  бахшҳои  иҷтимоию  иқтисодии  ҷумҳурӣ  ба  манзури  фаъолияти  муттасилу  самарабахш дар  давраи  тирамоҳу  зимистони  солҳои  2011 – 2012  корҳои  муайянеро ҷиҳати  бештар  овардани  гази  моеъ ва  зиёд  намудани  нуқтаҳои  фурӯши он  анҷом  дод.Дар  ин  бора  ба хабарнигори  АМИТ «Ховар»  дар  дафтари  матбуоти  Вазорати энергетика  ва  саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иттилоъ  доданд.Дар  робита бо  ин  якҷоя  бо  роҳбарони  корхонаҳои   зертобеъ, мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти   давлатии  вилоятҳо ва  шаҳру  ноҳияҳо,  ҳамчунин  бо  иштироки  соҳибкорони  кишвар  барои  таъмини   аҳолӣ   бо  маводи  гуногуни  сухт  ҳамаи  чораҳо  дида  мешаванд.Масалан,  тайи  9  моҳи  соли равон  шумораи  нуқтаҳои   фурӯши  гази  моеъ  ба 507 адад, аз  ҷумла, дар  вилояти  Суғд  214,  Дар  вилояти  Хатлон 121,  дар ВМКБ  11, дар  ноҳияҳои  тобеи  ҷумҳурӣ 97 ва дар  шаҳри  Душанбе ба 64  адад  расонида шуд. Дар  давраи  ҳисобот  теъдоди  нуқтаҳои  фурӯши  гази  моеъ  назар ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта  37  адад  зиёд  гардид. Ба  ҷумҳурӣ  овардани  гази  моеъ  29  ҳазору  704  тоннаро ташкил  медиҳад, ки   назар  ба  нишондиҳандаҳои  соли  гузашта  баробари 876 тонна  зиёд  аст.

Октябрь 20, 2011 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд