нуқтаи тиббӣ дар деҳоти Дуоба ва Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод масраф шуд.
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 24 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои бозсозии ду нуқтаи тиббӣ дар деҳоти Дуоба ва Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод масраф шуд.Тавре ки аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фаршҳои ҳарду бино бо фаршҳои чӯбӣ иваз гардида, деворҳо ва шифтҳо аз нав гаҷ ва ранг карда шуд. Ҳамчунин, тирезаҳои нави пластикӣ ва тахтачаҳои сафолӣ насб шуда, системаи таъмини барқ барқарор гардид.Дар маросими ифтитоҳи ин нуқтаҳои тиббӣ сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс, муовини Вазири тандурустӣ Саида Ҷобирова, роҳбари раёсати тандурустии ноҳияи Файзобод Кароматулло Шарифов ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд. Корҳои бозсозиро Барномаи ҷамъиятӣ ва кӯмакҳои башардӯстонаи «Каунтерпарт Интернейшнл» ба анҷом расонида, идораи департаменти давлатии ИМА дар мавриди кӯмаки ҳамоҳангии ИМА ба кишварҳои Аврупо ва Осиё ин лоиҳаро маблағгузорӣ намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






