«Нурафзо»-баёнгари таърихи энергетикии тоҷик
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ва 75- солагии энергетикаи Тоҷикистон таҳти унвони «Нурафзо» китоби нав аз чоп баромад.«Нурафзо» дар бораи сиёсати энергетикии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари мо дар давраи соҳибистиқлолӣ, махсусан пас аз он ки солҳои охир таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раванди созандагиву бунёдкорӣ таҳким ёфта, се ҳадафи асосии стратегӣ- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ зина ба зина амалӣ гашта, истодааст, нақл мекунад.Китоби «Нурафзо» ҳамзамон аз маводи таърихӣ ва хуҷҷатӣ иборат буда, перомуни ҷаҳду талоши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бобати пешбурду равнақи рӯзафзуни ин соҳаи муҳим маълумоти дақиқ пешниҳод менамояд.Китоб бо теъдоди 500 нусха нашр шуда, муқаддима ва мавзӯъҳои «Назаре ба таърихи энергетикаи Тоҷик», «Сиёсати хориҷии энергетикии Президенти Тоҷикистон», «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди гидроэнергетика», «Роғун – марзи номус», «Сарфаи барқ нишонаи маданияти баланд»-ро дар бар гирифтааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






