О. Оқилов К. Ромодановскийро пазируфт

Октябрь 21, 2011 16:46

Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). —  Имрӯз мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Роҳбари хадамоти федеролии муҳоҷирати Федератсияи Русия Константин Ромодановский, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони хадамоти муҳоҷирати давлатҳои узви ИДМ ба  Душанбе омадааст, баргузор гардид.Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бахши муҳоҷирати шаҳрвандон ва  ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони корӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифт.Оқил Оқилов таъкид кард, ки дар Тоҷикистон ба масъалаи дарёфти роҳу усулҳои наву беҳтари  идоракунии раванди муҳоҷирати кории шаҳрвандон таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад ва  ба ҳамин хотир дар мамлакат сохтори алоҳида оид ба масъалаҳои муҳоҷират таъсис ёфта, «Стратегияи миллии муҳоҷирати кории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар барои солҳои  2011-2015» қабул гардидааст. Аз ифтитоҳи маркази ҳуҷҷатгузории муҳоҷирони корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия  изҳори қаноатмандӣ карда шуда таъкид гардид, ки ифтитоҳи чунин марказҳо дар дигар шаҳрҳои Федератсияи Русия дар раванди ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд хоҳад овард.

Октябрь 21, 2011 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!