О. Оқилов Муҳаммад Қасим Фаҳимро пазируфт
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз мулоқоти Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо муовини аввали раисҷумҳури Ҷумҳурии Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳим баргузор шуд.Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба фаъолияти имрӯзаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, савдои наздисарҳадӣ, муносибатҳои судманд дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ мароқ зоҳир карда шуд.Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ доир ба як зумра масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






