Омӯзгорони ҷавон ба имтиёз ниёз доранд

Октябрь 10, 2011 14:34

Хоруғ, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). —  Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи  муқаррар  намудани   имтиёзҳо ба омӯзгорони  ҷавон» дар  кори  таъмини  макотиб  бо  муаллимон мавқеи муҳим  дорад. Тавре  муовини  сардори  Раёсати  маорифи  вилоят  Тоҷиддин  Орумбеков иттилоъ  дод,  дар  макотиби  вилоят  220   нафар   омӯзгорони  ҷавон,  ки  собиқаи  аз 1 то 3  сола доранд,  машғули  таълиму тарбияи  насли  наврас мебошанд. Баъди  интишори  Қарори  Ҳукумати  ҶТ ба  58  нафар  қарзҳои  имтиёзнок дода  шуд ва  дар  рӯзҳои  наздик  боз  40  нафар  омӯзгор аз  имтиёз  бархӯрдор  мегарданд. Ҳамзамон  муассисоти  таълимии  вилоят  ба  84  нафар   омӯзгорони   забони  инглисӣ,  физикаю  математика эҳтиёҷ   доранд.

Октябрь 10, 2011 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад