Омӯзиш барои волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд

Октябрь 21, 2011 17:21

Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Аз 18 то 25 октябри соли  2011 дар  ноҳияи  Варзоб бо ибтикори  Институти «Ҷомеаи Кушода»  – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, созмони ЮНИСЕФ  ва бо мусоидати Вазорати тандурустии Тоҷикистан барои мутахассисони кор бо кӯдакони имконияташон маҳдуд   омӯзиш доир гашта истодааст.
Ҳадафи омӯзиши ҳаштрӯза баланд бардоштани малака ва савияи дониши мутахассисон барои истифодаи технологияҳои нави ташхис ва ислоҳи ҳолати равониву физиологии кӯдакон ва кӯмаки равонӣ ба волидони онҳо мебошад. Дар   омӯзиш 60 нафар мутахассис аз муассисаҳои тиббиву маорифи шаҳри Душанбе ва вилоятҳои ҷумҳурӣ, волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд ширкат доранд. Ҳангоми омӯзиш мутахассисони тоҷик малакаи худро дар соҳаи равоншиносӣ, нуқсоншиносӣ ва физиотерапия афзун мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки дар оянда ба кӯдакони имконияташон маҳдуд беҳтар хизмат расонида шавад.

Октябрь 21, 2011 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад