Омодагӣ ба зимистон беҳбудӣ металабад

Октябрь 22, 2011 10:05

Хоруғ, 22 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). – Бо  иштироки  раиси  ВМКБ Қодири Қосим  ҷаласаи  навбатии  назди  раиси  вилоят оиди  омодагӣ ба  мавсими  тирамоҳу  зимистони  соли  2011 – 2012  доир  гардид.  Дар  ҷаласа  зикр  шуд, ки  то  даҳҳаи  аввали  моҳи  октябри  соли  ҷорӣ   дар  муассисоти  соҳаҳои  маориф,  тандурустӣ ва  фарҳанг ҳамагӣ  4835 тонна  ангишт,  3940,9 мураббаъ  метр  ҳезум  захира  шудаасту  халос, ки ин  талаботи  соҳаҳоро мутаносибан  фақат 53 ва  32  дар садӣ  қонеъ мекунад. Техникаи  муассисаи давлатии  автомобилгарди вилоят  ба  зимистон тайёр нест. Кормандони  ин  муассиса,  ки  фасли  сармо  дар  роҳҳо  кор  мекунанд,  бо  либоси  зимистона  пурра  таъмин   нестанд. Қисмати  роҳҳои  Шуғнон – Мурғоб , ба  вижа ағбаи  Кӯҳтезак дар  ҳолати  вазнин  қарор   дорад. Роҳҳои  самти  Хоруғу Манем,  Хоруғу  Дарморахт бадсифат   таъмиру  тармим  шудаанд. Роҳҳои  Хоруғ — Рӯшон, Ванҷ – Дарвоз дар  ҳолати  ногувор қарор  доранд. Дар  раёсати  иттифоқи  ҷамъиятҳои  матлуботи  вилоят бобати  бо  ангиштсангу  гази  моеъ пурра  таъмин  кардани  аҳолӣ норасоиҳои зиёде  мавҷуданд. То  имрӯз  дар  35  бунгоҳи  фурӯш  ҳамагӣ  300 тонна  ангишт захира  шудаасту  халос.

Октябрь 22, 2011 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш