Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ

Октябрь 8, 2011 11:58

Кӯлоб, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», С.Холов). —   Имрӯзҳо  дар  кулли  муассисаҳои ноҳияи  Темурмалик     захира  намудани  ҳезум ва маводи сӯзишворӣ  ҷараён  дорад. Бахусус  бо  мақсади  таъмини  мӯътадили  ҷараёни  таълим  дар  фасли  сармо  дар  анбори  шӯъбаи  маориф 380 тонна ангишт,  473 метри  кубӣ  ҳезум,  сӯзишвории   биологӣ, 40  тонна  мазут  захира   шуда,  давра ба давра  дастраси  мактабҳо ва  боғчаҳои  бачагона  гардонида мешавад. Бино  ба  иттилои  мутасаддиён  15  мактаби  ноҳия  бо  хатти  озоди  барқ таъмин   буда,  дар  фасли  зимистон тавассути  печҳои  барқӣ  гарм  карда  мешаванд. Дар  маркази  саломатӣ ва  беморхонаи  марказии   ноҳия  ба  миқдори  кофӣ  ангишту  ҳезум ва  сӯзишвории  дизелӣ  захира  гардида,  мутахассисон генераторҳоро  аз  санҷиши техникӣ мегузаронанд.

Октябрь 8, 2011 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд